ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Манобеъи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер мегӯянд, дар ноҳияи Шутули минтақа миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон даргириҳои шадиде рух додааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи манобеъ, даргирӣ субҳи имрӯз 16 июн дар дар дараи Орзу Панҷшер оғоз шуда, чанд соат идома кардааст.
Гуфта мешавад, бархурди мусаллаҳона замоне рух додааст, ки толибон қасд доштанд ба мавқеъҳои нерӯҳои муқовиматгар аз кӯҳҳои Соланг ва Шутул ҳамла кунанд.
Дар ин муноқиша ҷонибҳои даргириҳо талафот дидаанд, аммо теъдоди дақиқи онҳо ҳанӯз маълум нест.
Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар бораи ин даргириҳо то кунун расман чизе нагуфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин задухӯрд пас аз танаффуси якрӯза миёни нерӯҳои таҳти фармони Аҳмад Масъуд ва толибон сурат гирифт.
Ҷангҳо миёни нерӯҳои муқовиматгар бо толибон тавре қаблан пешгӯӣ мешуд, бо фарорасии баҳор оғоз гардид ва ҳамарӯза дар дарраҳои мухталифи Панҷшер идома дорад.
Ба иттилои хабарнигорони маҳаллӣ, толибон барои ҷанг дар Панҷшер аз манотиқи дигари Афғонистон, махсусан паштунтаборонро овардаанд.
Манобеъ мегӯяд, то кунун ҳама талошҳои ҷангиёни толиб барои фатҳи сангарҳои муқовиматгарон бенатиҷа буда, ҳамарӯза талафотҳои сангин медиҳанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, дар пайи шикаст толибон қасди худро аз аҳолии осоишта мегиранд, ки ва аллакай чандин тан низ ҳалок ва хонаҳои иддае тахрибу кӯчи иҷборӣ шудаанд.
Ба таъкиди коршиносон ҷанг дар Панҷшер тақдири сиёсии Афғонистонро рақам мезанад.
Толибон бо суқут додани ҳукумати қаблии Афғонистон аз 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, аммо то кунун на машруияти хориҷӣ ва дохилиро надоранд.