Медведев гуфт, шояд ду сол пас Украина аз харита нопадид шавад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба мавҷудияти Украина дар харитаи ҷаҳон пас ду соли оянда шубҳа кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия шубҳа дошт, ки Киев тавонад дар оянда тааҳҳудоти худ дар назди "мизбонони бурунмарзӣ"-ро дар чаҳорчӯби барномаи "ленд-лиз" иҷро кунад.

"Кӣ гуфт, ки баъд аз ду сол Украина ҳатто дар харитаи ҷаҳон вуҷуд хоҳад дошт? Ҳарчанд амрикоиҳо дигар парво надоранд, онҳо ба тарҳи зидди Русия он қадар сармоягузорӣ кардаанд, ки ҳама чиз барои онҳо ҳеҷ аст", - навиштааст ӯ дар "Telegram-канал"-и худ.

Раисҷумҳури собиқи Русия ин ҳарфҳоро дар зимни шарҳи хабарҳо бобати он ки Украина қасд дорад, гази моеи ғарбиро ҳоло бигирад ва маблағи онро пас аз ду сол пардохт кунад, изҳор дошт.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден Қонуни "ленд-лиз" барои Украинаро тасвиб карда буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
Ҳуҷҷате, ки ҳар ду палатаи Конгресс тасвиб кардаанд, ҳимояти низомии Киевро содатар мекунад. Аз ҷумла, як қатор талаботи марбут ба салоҳияти раиси давлат дар мавриди таъмини “таҷҳизоти дифоӣ” лағв мешаванд, агар он барои Ҳукумати Украина ё “дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки таҳти ҳамлаи Русия қарор гирифтаанд” пешбинӣ шуда бошад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал дар Украина амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд. Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида шуд.