ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Коршиносони соҳаи токпарварӣ бар онанд, ки дар Тоҷикистон беҳтарин винои ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалиро метавон истеҳсол кард.
Рустам Каримзода, директори Институти боғу токдорӣ ва сабзавотпарварӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон роҳҳои рушди истеҳсол ва содироти шаробро дар кишвар тавзеҳ дод.
Ин коршинос мегӯяд, аз ангуре, ки дар Тоҷикистон парвариш мешавад, на танҳо шароб, балки шарбату ширинӣ ва афшураву сирко метавон истеҳсол кард.
Дар Тоҷикистон беҳтарин вино ҳосил мешавад
Ангури дар Тоҷикистон парваришшуда талаботи бозори дохилиро қонеъ намуда, ба хориҷ – Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содир ҳам мешавад.
Он қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш шуда, ҳатто дар Бадахшон, дар баланди 1200 метр аз сатҳи баҳр шароити мукаммал барои токпарвариро метавон фароҳам овард.
Ба гуфтаи ин коршинос, ин таҷрибаро феълан дар Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ мекунанд. Он ҷо ангури ҳусайнии сафед парвариш намуда, талаботи дохиларо қонеъ мегардонанд.
Аммо намудҳои техникӣ, навъи махсусе, ки дар истеҳсолот истифода мешавад, дар минтақаҳои муайян - Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ашт, Панҷакент, Шаҳринав, Турсунзода ва Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ парвариш мешаванд.
“Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсол ва парвариши ангурҳои техникӣ, ки минбаъд баъди коркард маҳсулоти босифат ба даст меояд, як минтақаи беҳтарин дониста шудааст”, - меафзояд вай.
Таҷриба дорем
Ба қавли мутахассис, аслан дар ин соҳа кишвар таҷрибаи хуб ҳам дорад: то соли 1985 шароби хушсифат истеҳсол ва содир мешуд, то замоне ки ба хотири мубориза бо майпарастӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ майдонҳои ангури мувофиқ ба шаробпазиро ба токзорҳои дигар намуди ангур табдил доданд.
“Афсӯс, ки тибқи қарори соли 1985, аксари майдонҳои токзори техникиро нобуд карда ва навъҳои дигар, асосан барои истифодаи тару тоза ва кишмишшаванда шинонида шуд”, - таъкид мекунад вай.
Каримзода меафзояд, солҳои охир маводи коркарди кишоварзӣ аз сари нав эҳё шуда истодааст: акнун намудҳои техникиро аз хориҷ бошад ҳам, оварда парвариш мекунанд. Чунончи, феълан танҳо дар вилояти Суғд 800 гектар ангури техникӣ парвариш шуда истодааст.
“Аз токзорҳои техникӣ – ангури маҳаллии худомон - обаки сафед, тагобӣ ва аз навъҳои хориҷӣ баянширей, аз Озарбойҷон, саперавӣ, ркасителлӣ аз Гурҷистон парвариш мешаванд”, - қайд мекунад вай.
Ҳамчунин токдорони тоҷик намудҳои алигате, гурӯҳи пино - ангурҳои техникиеро, ки дорои тамъи мускатанд, аз Аврупо, изобелларо аз Амрикои Шимолӣ оварда, барои коркард ва истеҳсоли шаробҳои беҳтарин парвариш мекунанд.
Аз ангурҳои ҷойдорӣ ҳам мешавад
Ба қавли ин мутхассис ин маънои онро надорад, ки аз навъҳои ҷойдорӣ наметавон шароб ҳосил кард: мешавад, аммо танҳо як намуди хос.
“Ба далели ин ки қанднокиашон баланд, раванди ҷӯшониданашон мукаммал намегузарад, на он қадар ба классифакатсияи шароб ворид шуда, бештар кагорро мемонанд, ки қанднокиаш 18-19 дараҷа баланд аст”, - мегӯяд вай.
Дар гузашта дар Тоҷикистон винои қувватнокиашон баланд, ки таҳти тамғаҳои "Ғончӣ", "Помир", "Портвейн" истеҳсол шуда, мақомаш байни истеъмолкунандагон баланд буд ва то Сибир содир мешуд.
Аз коргоҳҳои шаробе, ки пештар дар ҷумҳурӣ фаъол буданд, ба монанди "Сомғор", "Марғедар" ва дигарон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Шаҳринав калонтарин ба ҳисоб мерафтанд.
“Бештари ин коргоҳҳо то ҳол фаъоланд, аммо иқтидори мавҷударо истифода карда, истеҳсол мекунанд”, - мегӯяд вай.
Барои рушди соҳа “инқилоб” лозим нест
Мудири институт бар ин аст, ки ҷумҳурӣ барои рушди соҳа ва баргардонидани иқтидори пештараи шаробсозӣ мушкиле вуҷуд надорад: кишвар мутахассис, шароити мусоиду обуҳаво, навъҳои техникии дастрас дорад.
“Барои афзудани патенсиали корхона, эҳёи коркард бо технологияи куҳна ҳам бошад, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва қонеъ кардани талаботи харидор майдони ангури техникиро бояд зиёд кунем”, - мегӯяд Каримзода.
Ӯ гуфт, вақте ҳар як намуди шаробе, ки истеҳсол мешавад, бояд таркибаш ҳамон фоизи навъҳои тавсияшударо дошта бошад.
“Технология ҳар хел талабот дорад, масалан, шароби ркасителлӣ ҳатман бояд аз ангури навъи ркасителлӣ омода шавад. Дар ин ҷо бо 5-10 гектар ҳосили ркасителлӣ, мо як бахши калони корхонаро таъмин карда наметавонем”, - таъкид мекунад ангуршинос.
Илова бар ин, мегӯяд вай, дар ин самт олимони соҳаи токпарварӣ дар хусуси омӯзиши навъҳои ояндадор 20-30 соли охир корҳои илмӣ мебаранд ва ба минтақаҳои муайян намудҳои мувофиқро тавсия дода истодаанд.
Масалан, дар шаҳри Панҷакент правариши баянширей, ркасителлиро барои истеҳсоли шароб тавсия дода истодаанд.
Ба гуфтаи мутахассис, мувозӣ бо васеъ кардани майдон барномаи мушаххасеро бояд тарҳрезӣ намуд, ки иқтидори корхонаҳои шаробпазӣ дар Суғду Хатлонро муайян намуда, мувофиқи он парваришро ба роҳ монанд.
Мутахассис мегӯяд, талаботи ангури техникӣ ниҳоят ҷиддист, зеро аз таркиби биохимиявии ангур сифати шароб вобаста аст: вобаста ба замин бояд токҳоро нигоҳубин кард, ҳар хел нуриҳову заҳр пошидан мумкин нест.
Рустам Каримзода таъкид мекунад, ки вақте навъҳои амрикоиву аврупоиро дар Тоҷикистон парвариш мекунанд, сифаташ якчанд дараҷа баланд мешавад.
Таркиби биохимиявиаш ҳам беҳтар мешавад ва аз ҳамин ҳисоб шаробҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, махсусан шаробҳои сурх, сифаташон баланд аст ва дар тиб барои тоза намудани гардиши хун, касалиҳои дил истифода мешаванд.
Чунки бодуҳаво ва замини Тоҷикистон барои тартиби фоидаоварии маҳсулоти коркардшуда мусоидат мекунад.