ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Чорабиниҳои асосии идона дар Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мешавад, дар майдони назди шаршараи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, барномаи фарҳангию фароғатӣ якҷоя бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, ки барномаи асосӣ соати 18:00-и 27 июн дар назар буда, дар он намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ манзур мешавад. Инчунин чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ чорабиниҳои идона баргузор мекунанд.
Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Ховар" гуфтааст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ барпо мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки 27 июни соли равон тоҷикистониён 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд.
Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси Қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.