ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Бишкек як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва чанд шаҳрванди дигари кишвар боздошт шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.
Марде, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ӯ ба интиқоли як бастаи бузурги маводи мухаддир машғул будааст.
Ба гуфтаи маъмурони интизомии Қирғизистон, боздоштшудаҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддир машғул будаанд.
Ҳама маводи мухаддир истеҳсоли Афғонистон буда, интиқолдиҳандагон мехостанд онро нахуст ба Қирғизистон ва пас аз он ба Қазоқистон гузаронанд, афзуд манбаъ.
Вазорати корҳои дохилии он кишвар тавзеҳ дод, дар натиҷаи як амалиёти вижа, ки як сол тӯл кашид, тамоми аъзои ин гурӯҳи ба маводи мухаддир сарукордошта, аз ҷумла як пулиси тоҷик боздошт шудаанд.
"Зиёда аз 33 кило маводи мухаддир мусодира шуд. Боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Бишкек ҷойгир карда шуданд",- афзуд манбаъ.
Шумораи дақиқи тоҷикони боздоштшуда ва ҷузъиёти дигар маълум нест.
Видеоҳое, ки ҳангоми боздошт нашр шуданд, нишон медиҳанд, бастаҳои маводи мухаддир дар халтаҳои калони орд ва чанд бастаи дигар ҷо карда шудаанд.
Илова бар ин ҳангоми кофтуков аз ин афрод силоҳи оташфишон ва патрон дарёфту мусодира шудааст.