Зодаи ноҳияи Дӯстӣ ва 26-сола: сарбозе, ки дар марз фавтид, кист?

То кунун вазъ дар марз пуршиддат арзёбӣ шуда, натиҷаи аввалини музокироти ҷонибҳо тасмим дар бораи хуруҷи воҳидҳо аз мавқеъҳои ҷангии худ буд будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Бар асари тирпарронӣ дар марз як сарбози тоҷик дар Ворухи Исфара ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора аз ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз сарбози шаҳидшуда Муродбек Маҳмадқулов, сокини 26 солаи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷилликул) ном мебаранд, ки дар Қушунҳои сарҳадии воқеъ дар шаҳри Исфара хизмат мекард.
Ба гуфтаи манобеъ дар пайи тирпарронӣ ду сарбози дигар захмишуда ба Шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол ёфтаанд.
Субҳи ноором. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ рух дод
Аз ҳукумати шаҳри Исфара гуфтанд, ки ҳоло мақомот ба маҳалли ҳодиса ба маҳаллаи Кехи Ворух сафар кардаанд. Зимнан дар бораи захмишудаҳо чизе гуфта нашудааст.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар пайи музокироти ҳайатҳои баланди марзбонӣ нерӯҳои ҳардуҷониб аз мавқеъҳои ҷангӣ хориҷ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки субҳи 14-уми июн, тахминан соати 06:00 ба вақти Душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз миномёт ва гранатомёт оташкушоӣ сар зад.
"Сарҳадбонони қирғиз бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Субҳи барвақт онҳо ҳатто аз миномёт истифода карданд. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ доданд", - афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, тир ба сӯи посгоҳи марзии "Булак-Башӣ" дар вилояти Бодканд аз ҷониби посгоҳи "Кех"-и Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, намояндагони ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки "бо дарёфти сабабҳои даргириҳо ва ҷилавгирӣ аз авҷи авзоъ" раҳбарони нерӯҳои марзбонии ҳарду ҷониб ба маҳалли ҳодиса рафтанд. Дар ҳоли ҳозир вазъ муташанниҷ арзёбӣ мешавад.
Давоми беш аз 10 рӯзи охир ин маротибаи дуюм аст, ки минтацаи "Кех"-и Ворух дар марз бо Қирғизистон шоҳиди тирпаррониҳо мешавад.
Субҳи рӯзи 3 июн миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ин мавзеъ тирпарронӣ рух дода буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Коршинос 3 роҳҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро нишон дод
Он замон шоҳидони ҳодиса дар ҷамоати Ворух ҷузъиёти онро шарҳ дода гуфта буданд, ки “марзбонони қирғиз ба тарафи марзи Тоҷикистон ворид шуда, тирпаррониро шурӯъ намудаанд. Дар натиҷаи ин амал марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба қафо баргаштаанд”.
Вуқӯи ин ҳодисаро Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.