Суғд ба Русия ва Қазоқистон беш аз 5000 тонна мева фиристод

Боғдорони вилояти Суғд ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон зардолу, шафтолу, себ, гелос, олу ва дигар навъи меваи ватаниро содирот карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вилояти Суғд дар мавсими нав ба Русия ва Қазоқистон беш аз 5 ҳазор тонна мева содирот кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои нисбатан гарми вилояти Суғд, аллакай ҷамъоварии меваҷот оғоз ёфтааст.
"То имрӯз боғпарварони вилоят беш аз 5000 тонна мева содирот намудаанд", - гуфт раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Гуфта мешавад, ки раиси вилоят аз қитъаи боғҳои себ, зардолу ва бодоми "Боғи миллии Ваҳдат" боздид карда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, махсусан зардолуву гелос ва банду басти он ба масъулин тавсияҳо додааст.
Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодом ба кишварҳои хориҷ
Таъкид карда шуд, ки коргарони "Боғи миллии Ваҳдат" ҳамасола миқдори зиёд меваҳои хуштамъро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мекунанд.
Тибқи гузориши манбаъ, Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафараш раиси вилоят ҳамчунин, аз боғу токзори ҶДММ "Зерновая компания" ва соҳибкори инфиродӣ Дадохон Очилов, ки дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, дидан кардааст.
Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзуд
Пештар хабар дода шуд, ки аз шаҳри Конибодом ба кишварҳои хориҷ 420 тонна зардолу содир шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5% ё 116,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти идораҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ин рақам бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамзамон бо 94 кишвари ҷаҳон тиҷорат сурат гирифтааст, вале воридоти мол аз 77 давлат нисбат ба содирот бартарӣ дорад ва моли 56 давлат танҳо ворид карда мешуд.
Ба ин далел тавозуни савдо манфӣ буда, 737,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.