ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ ва халосӣ аз гирдоб амалҳои лозима ва мамнуъро нашр кардааст.
Ба гуфти КҲФ, бо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокинон метавонанд ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар гузоранд.
Дар ҳолатҳои зерин оббозӣ кардан мумкин нест
дарҳол пас аз истеъмоли хӯрок;
оббозӣ дар кӯлҳо, ки ҳарораташ пасттар аз + 15 дараҷа аст;
оббозӣ кардан дар ҷойҳои ношинос, дар қаъри об метавонад сангҳо, масолеҳи сохтмонӣ бошанд;
паридан аз киштиҳо ба об;
дар обҳое, ки алаф ва лой дорад;
баъди гаштан дар офтоб ва давидану бозӣ кардан, якбора ба об паридан;
обозӣ дар ҳолати мастӣ;
оббозӣ дар болои камераҳои мошин;
ҳангоми ҳарорати баланд ё пасти бадан;
Қоидаҳои оббозии бехатар
шиноварӣ дар ҷойҳои махсус таъиншуда;
дур нашудан аз соҳил;
оҳиста оҳиста ба об даромадан;
кӯдаконро беназорат нагузоштан;
ҳеҷ гоҳ касеро ба об тела надиҳед, зеро ин шӯхӣ метавонад марговар бошад;
дар дохили об бозӣ накунед ва ба дӯстонатон дар об пешпоӣ надиҳед;
бардурӯғ бонги хатар назанед;
Аз гирдоб чӣ гуна бояд наҷот ёфт
зимни ғарқшавӣ дар оби ҷараёнаш сахт, ба муқобили ҷараён шино накунед;
дар ин маврид шумо бояд бо ҷараён равед ва талош кунед то ба соҳил наздик шавед;
агар ба гирдоб афтед, наҳаросед, бештар нафас кашед, ва худро дохили об андохта кӯшиш кунед, якбора аз гирдоб дур шавед;
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар даъват мекунад, ки фарзандонро беназорат нагузоранд.
Тибқи омори КҲФ аз аввали соли ҷорӣ то кунун ҳудудан 56 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд. Миёни ғарқшудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.