Субҳи ноором. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ рух дод

Сарҳадбонони қирғиз ин субҳ ба сари як минтақаи аҳолинишини наздимарзии Тоҷикистон оташ кушодаанд. Мақомот то кунун ин ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ сар зад.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз ҷамоати Ворух тирпарронӣ соати 6:00 и субҳ сар шуда, ҳамоно хомӯш нашудааст.
Як масъули ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарҳадбонони қирғиз ба сайругашти саҳарӣ баромада ба рӯи маҳаллаи Кех тир холӣ кардаанд.
“Сарҳадбонони қирғиз бе огоҳӣ ва бо мақсади ноором кардани марз ба тирпарронӣ сар кардаанд. Онҳо ҳатто аз силоҳи миномиёт истифода кардаанд. Дар натиҷа сарҳадбонони тоҷик ҳам ба кушодани тири ҷавобӣ сар кардаанд”, – гуфт, корманди ҷамоати Ворух.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, намояндагони ду кишвар алакай гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом додаанд.
Ҳамакнун сарони нерӯҳои марзбонии ҳарду ҷониб "барои рӯшан кардани сабабҳои оташкушоӣ ва ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани вазъ" ба маҳалли ҳодиса рафтанд. Вазъият пуршиддат арзёбӣ мешавад.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон чун ҳамешагӣ мегӯяд, тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон сар зад.

"Соати 08:10 тирпарронӣ қатъ шуд", - гуфт ҷониби Қирғизистон.

Давоми беш аз 10 рӯзи охир ин маротибаи дуюм аст, ки маҳаллаи Кех и Ворух дар марз бо Қирғизистон шоҳиди тирпаррониҳо мешавад.
Субҳи рӯзи 3 июн миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ин мавзеъ тирпарронӣ рух дода буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Дар натиҷаи рухдоди ин ҳодиса як сарбози 21 солаи тоҷик сокини шаҳри Турсунзода ҷароҳат бардошта ба Шифохонаи марказии Исфара интиқол ёфта буд.
Он замон шоҳидони ҳодиса дар ҷамоати Ворух ҷузъиёти онро шарҳ дода гуфта буданд, ки “марзбонони қирғиз ба тарафи марзи Тоҷикистон ворид шуда, тирпаррониро шурӯъ намудаанд. Дар натиҷаи ин амал марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба қафо баргаштаанд”.
Вуқӯи ин ҳодисаро Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда буд. Аз ҳукумати шаҳри Исфара гуфтанд, ки ҳоло мақомот ба маҳалли ҳодиса ба маҳаллаи Кехи Ворух сафар кардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.