ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Додгоҳи гарнизони Хуҷанд капитани қӯшунҳои сарҳадиро дар хунукназарӣ гунаҳкор донистааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар пайи хунукназарии капитан аввали соли равон як сарбози марзбон ҳамхизматашро парондаст.
Таъкид шудаст, ки капитан, ҳамчун сардори наряди сарҳадии гуруҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми "Нуробод"-и қисми ҳарбии 0214 ба нақзи талаботи оинномаҳои хизматӣ роҳ додаст.
Дар натиҷаи беназоратии капитан, посбони наряди сарҳадӣ, сарбози қаторӣ бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматашро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ кардаст, афзуд додситонӣ.
Таъкид шудаст, ки бар асари зарбаи тир сарбоз ба ҳалокат расидааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дар пайи баррасии қазия посбонро дар куштор гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол таъйин кардаст.
Таъкид шудааст, ки сарбози маҳкумшуда бояд ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт паси сар кунад.
Капитани марзбонӣ, ки дар ҳайати таҳти роҳбарияш ин ҷиноят рух додааст, бо қарори додгоҳи гарнизони Душанбе ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол маҳкум гардидааст. Дар қарори додгоҳ омадаст, ки маҳкумшуда бояд ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии сукунат гузаронад.