Кушта шудани як марзбони тоҷик дар тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон

Як сарбози тоҷик субҳи 14 июн дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари тирандозии навбатӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар задухӯрди шадид миёни марзбонони тоҷику қирғиз дастикам як нафар кушта шудааст.
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати ҷамоати Ворух кушта шудани як сарбози 25-солаи тоҷикро дар субҳи барвақт тасдиқ кард.
Тибқи иттилои пешакии ҷониби Қирғизистон, дар миёни марзбонони ин кишвар низ талафот дида мешавад.
Қобили зикр аст, ки субҳи 14-уми июн, тахминан соати 06:00 ба вақти Душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз миномёт ва гранатомёт оташкушоӣ сар зад.
Як манбаъ дар ҷамоати Ворух тирпарронӣ дар посгоҳи "Кех"-и Тоҷикистонро тасдиқ кард.
"Сарҳадбонони қирғиз бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Субҳи барвақт онҳо ҳатто аз миномёт истифода карданд. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ доданд", - афзуд манбаъ.
Субҳи ноором. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ рух дод
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, тир ба сӯи посгоҳи марзии "Булак-Башӣ" дар вилояти Бодканд аз ҷониби посгоҳи "Кех"-и Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, намояндагони ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки "бо дарёфти сабабҳои даргириҳо ва ҷилавгирӣ аз авҷи авзоъ" раҳбарони нерӯҳои марзбонии ҳарду ҷониб ба маҳалли ҳодиса рафтанд. Дар ҳоли ҳозир вазъ муташанниҷ арзёбӣ мешавад.