ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар обҳои Тоҷикистон аз моҳи январ то 14 июн 56 нафар ғарқ шудааст, гузориш медиҳад КҲФ.
Бино ба гузориши КҲФ, ҳамаи ин қурбониён ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудаанд.
"Аз аввали сол то 14 июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба далели риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми шиноварӣ 56 нафар ғарқ шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз ин теъдод кӯдакони то 4-сола — 5 нафар, то 10-сола — 9 нафар, то 16-сола — 16 нафар, аз 17 то 35-сола — 19 нафар ва аз 35-сола боло — 7 нафар мебошанд.
Дар ин росто, КҲФ Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пайваста бо муроҷиат ба мардуми кишвар қоидаҳои шиновариро мефаҳмонад ва дар маконҳои мамнуъ барои оббозӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мекунад.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.