ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ходимони динӣ ва вакилону фаъолони ҷомеа дар вилояти Хатлон бо супориши раиси вилоят хона ба хона гашта, ба мардум роҳҳои захиракунӣ барои ду солро нишон медиҳанд.
Ин супоришро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ахиран зимни ҷаласаи корӣ ба раҳбарони шаҳру навоҳии ин минтақа додааст.
Гуфта мешавад, ки баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон оид ба истифодаи замин, тақвияти консервакунонию хушконидани меваю сабзавот, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд.
Ҳамин тавр, ин гурӯҳҳо бояд ба мардум роҳ надодан ба хароҷотҳои беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар кишти такрорӣ бештар гузаронидани кишти зироатҳои лӯбиёгиҳо ва захираи донагиҳоро фаҳмонанд, хабар доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш додааст, ки аз ҳисоби фаъолон, вакилон, ҳизбиён, ҷавонон, занон, собиқадорони барӯманд, ходимони дин, намояндагони ВАО ва дигар сохторҳои зарурӣ гурӯҳои корӣ таъсис дода шавад.
Тибқи супориш, ин гурӯҳҳо бояд дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва ҳатто хона ба хона моҳият ва самаранокии масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин риояи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро фаҳмонанд.
Ҳамзамон ба тамоми фаъолон ҷиҳати назорати рафти дарави ғалладонагиҳо ва вусъат додани кишти такрории зироатҳо, сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, инчунин дар тамоми заминҳое, ки имконияти гузаронидани кишт доранд, дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Хатлон телефонӣ суҳбат карда, супориш дод, ки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ самаранок истифода шаванд ва суръати кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот баландтар карда шавад.