ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад, бориши борони шадид метавонад боиси фаромадани сел шавад.
Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, вале бебориш дар назар аст.
Танҳо дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳам ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Аммо, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кутоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаю бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.