Раиси вилояти Суғд аз соҳибкорони турк амалӣ намудани тарҳҳои муштаракро хостор шуд

Раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо роҳбари ширкати туркии "Чолакоғлӯ груп" аз густариши робитаҳои вилоят бо соҳибкорони туркӣ изҳори қаноатмандӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо Акиф Чолакоғлӯ, роҳбари ширкати "Чолакоғлӯ груп"-и Туркия ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоятро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти Суғд.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин дидор дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ гардиданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки сафари соҳибкорони турк ба вилояти Суғд сафари ҷавобӣ буда, моҳи майи соли ҷорӣ зери роҳбарии Раиси вилоят соҳибкорони тоҷик ба Туркия сафар намуда буданд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор зикр кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорони тоҷик ва турк солҳо инҷониб идома дошта, самараи худро ба бор овардааст ва то имрӯз дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатии муштарак фаъолият мекунанд.
Раиси Суғд ба 2 оилаи ниёзманд хона дод
Вай гуфт, аз ҷумла дар қаламрави вилоят ширкати "Фортуна-Ко" бо шарикони турк корхонаҳои саноатии "Силкоат бойя" ва "Арча мебел"-ро таъсис додаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти пурсамар доранд.
“Дар идомаи ҳамкориҳои судманд соҳибкорони тоҷик якҷо бо соҳибкорони турк лоиҳаи навро амалӣ намуда, тасмим доранд, ки дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд”, - таъкид шудааст дар ин дидор.
Дафтари матбуоти мақомоти Суғд илова кардааст, ки айни замон корҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо тамоми шароити зарурӣ сохта шавад. Маҷмаа дорои ҳавзҳои шиноварӣ, толори фитнес, ҳаммомҳои туркӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсуси истироҳатӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт хоҳад шуд.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ тарҳҳои муфиду муштаракро амалӣ менамоянд.