ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Ду ҳафта ба ин тараф сокинони деҳаи Ашт ба бартарафкунии паёмади селхезӣ машғуланд. Сокинон дастаҷамъона ба маҳалли офатзада рафта хонаҳо ва соҳилҳои тахрибшуда аз селхезиро барқарор мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 май дар пайи боришоти борони шадид ва жола дар ҷамоати деҳоти Ашт селхезӣ рӯх доа роҳҳои мошингард, пулҳо ва симчӯбҳои барқиро хароб гардид.
Ҳаётҷони Одил, котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рухдоди ин офати табиӣ ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёдеро дар пай гузоштааст.
“Селхезӣ дар сойи Ашт ба вуҷуд омада беш аз 20 пули хурду бузург, ҳудуди 20 хонаи сокинон ва якчанд километр роҳҳои мошингард ва симчӯбҳои барқиро хароб намудааст. Аз ин ҳисоб 2, 5 миллион сомонӣ ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти молӣ расидааст. Хушбахтона аз ин ҳодиса ба ҷони сокинон осеб нарасидааст” – гуфт, Одил.
Котиби матбуот гуфт, ҳоло ситоди ноҳиявӣ оид ба бартараф намудани паёмади селхезӣ дар маҳалли рухдоди ҳодиса дар деҳаи Ашт корбарӣ доранд. Бино ба иттилоъи ӯ, чанд техникаҳои лозим аз қабили Камаз ва экскваторҳо ба маҳалли ҳодиса бурда шудааст.
Ҷамоати Ашт яке аз се ҷамоати осебпазир аз селхезӣ дар ноҳияи Ашт ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷамоат ҳоло наздик ба 30 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва кӯчондани онҳо ба маҳалли амн аз офатҳои табиӣ имкон надорад.
Алҳол беш аз 164 ҳазор аҳолӣ дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекунад.
Мансурҷон Ҳамралиев, як сокини деҳаи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки селхезии ахир манзили онҳоро хароб кардааст. Манзили онҳо дар канори сойи деҳа ҷойгир аст. Рӯзи 30 май сел аз ҳудуди сой берун шуд ва хонаҳову роҳҳоро хароб кард.
“Сел нисфи хонаи маро бурд. Ин бори дуюм аст, ки чунин ҳодисаи мудҳиш такрор мешавад. Ин хонаро баъд аз селхезии се соли пеш тоза сохта таъмир намуда будем, вале пурра буд нашуда дубора сел хароб кард” – гуфт, Ҳамралиев.
Масъулони ҳукумат мегуянд, даҳ рӯз қабл аз вуқӯъи офати табиӣ дар ҳудуди Аштсой барои пешгирӣ аз селхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд, вале сели харобиовар рӯзи 30 май меҳнати сокинонро барҳам заду роҳу пулҳоро тахриб намуд.
Бино ба гуфти масъулони ҳукумат, ҳоло гурӯҳи корӣ ва техникаи лозим ба маҳалии ҳодиса фиристода шуда, корҳои бартарафсозии пайомади офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Ашт ҷараён дорад.
Ашт ба ҳисоби шаҳру навоҳии Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз ноҳияҳои осебпазири селхез гуфта мешавад.
Деҳоти ин ноҳия умдатан дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар онҳо селроҳаҳое вуҷуд дорад.
Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла селхезиҳо ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.