Наришкин: Ҷаҳон бидуни Русия наметавонад устувор ва пойдор бошад

Раҳбари Хадамоти иктишофи хориҷии Федератсияи Русия мегӯяд, кишвараш кафили амнияти байналмилалӣ аст ва сулҳи бидуни ҳузури он пойдор нахоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Русия кафили байналмиллалии амният аст, ҳеҷ сулҳе, ки бидуни он баста мешавад, қавӣ ё устувор буда наметавонад. Дар ин бора директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин изҳор дошт.

"Русия ба таври анъанавӣ кафили байналмилалии амният ва субот аст. Ҳеҷ як сулҳи ҷаҳонӣ ё минтақавӣ, ки бидуни иштироки Русия баста шудааст, наметавонад қавӣ, устувор ё пойдор бошад", — гуфт ӯ дар маросими кушодашавии лоиҳаи намоишии "Кишвари дастовардҳои бузург".

Наришкин изҳори боварӣ кард, ки ҳар як кушиши низомҳои тоталитарӣ-либералии Ғарб барои сарнагун кардани Русия фақат ба онҳо умеди бардуруғ медиҳад, ки гуё тамоми ҷаҳон дар атрофи онҳо давр мезанад ва ба хоҳишу фармони онҳо итоат мекунад.
“Дарвоқеъ, ин тавр нест ва далели ин таърихи 1000-солаи Русия - Русияест, ки анъанаҳои Александр Невский ва Дмитрий Донской, Пётри Якум ва Екатерина, Пётр Столипин, Георгий Жуков, Юрий Гагарин ва бисёр дигар писарону духтарони барҷастаи Ватани моро нигоҳ медорад", - афзуд ӯ.
Матвиенко: Русия омодааст, бархӯрд бо Ғарбро хотима диҳад, аммо бо як шарт
Ба андешаи Наришкин, Русия дар давраҳои муҳимтарини гузашта бо таҳкими иҷтимоиёт, шуҷоати шаҳрвандӣ, ягонагии мардумӣ, омодагӣ ба фидокорӣ ва майли бечунучарои эҷодӣ ба чолишҳои замон ҷавоб дод.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Федератсияи Русия ҳамеша дар сафи пеши рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳон буд.
Ба гуфтаи вай, дар таърихи кишвараш давраҳое буданд, ки бояд ақибнишинӣ мекарданд. Аммо ин танҳо барои он бу, ки қувват ва тамаркуз ҷамъоварӣ карда, ба пеш раванд.