ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия то 18 июн тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".
"То 18-уми июн, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз дар 11 фурудгоҳ дар ҷанубу маркази Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Ин 13-умин ҳолати тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар қаламрави Русия аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина мебошад.
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд.
Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.