Таъйини директори нави Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон: Ӯ кист?

Мақомдори собиқи ширкати миллии ҳавонавардии "Сомон эйр" ба вазифаи раиси ниҳоди танзимкунандаи бахши авиатсияи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъйин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 июн имзо кардааст.
Ӯ дар ин мақом Икром Субҳонзодаро иваз намуд, ки аз соли 2018 ба ин сӯ роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ буд.
Дар мавриди роҳбари нави Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иттилои зиёде дар дастрас нест. Дар пойгоҳҳои интернетӣ аз ӯ қаблан ба ҳайси мудири тиҷории ширкати "Сомон эйр" ва баъдан чун мудири тиҷории "Тоҷик эйр" зикр гардидааст.
Аз авиатсия ба маориф. Ба Субҳонзода вазифаи нав доданд
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ниҳоди нисбатан навтаъсис дар сохтори Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки ҳамагӣ камтар аз 5 соли қабл таъсис дода шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон масоили авиатсияи гражданиро аз сохтори Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ берун карда, моҳи декабри соли 2017 Ожонси авиатсияи граждании назди ҳукуматро таъсис карда буд.
Феълан ин ниҳод ба танзими бахши ҳавонавардии мулкӣ дар ҷумҳурӣ машғул буда, қаблан ба далели болоравии бесобиқаи арзиши нархи парвоз дар масири Тоҷикистон - Русия ва баръакс вирди забонҳо шуда буд.