ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раҳмон Дилшод Сафарбек ба ҷои Адусалом Мирализода ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин шуд.
Қарорҳои ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 июн имзо кард.
Дилшод Раҳмон 36 сол дошта, аз моҳи марти соли 2016 ба ҳайси декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.
Вай ҳамчунин аз соли 2020 то ҳол узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ мебошад.
Дилшод Раҳмон дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Дилшод Раҳмон, 7 декабри соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 2006 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2006-ум аз вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оғоз кардааст.
Ӯ солҳои 2012-2014 муовини декани факултаи ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2014-2016 масъули шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент ва аз соли 2016 то ҳол декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буд.