Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Президент бо 6 амр мушовири худ ва раҳбарияти "Осорхонаи миллӣ" - ро барканор кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзо кардани амрҳо ёвари худ дар умури хориҷӣ ва масъулини "Осорхонаи миллӣ" - ро барканору таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири худ дар умури иқтисод Ҷӯразода Кабирро аз вазифа озод кард.
Бино ба гузориши хадамоти президентии Тоҷикистон, дар ин бора амри президенти Тоҷикистон имзо шудааст.
Сабаби озод шудани мушовири президент дар умури иқтисод гуфта нашудааст.
Ҳамчунин бо амрҳои дигари кишвардор, Аҳлиддин Ибодуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи президенти озод шуд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Раҳмон ректорҳо ва мудиронро барканору таъйин кард
Ба ҷояш Зафаршо Иброҳимзода, ки то ҳол дар вазифаи муовини директори ин муассиса фаъолият мекард, мудир таъин гардид.
Зимнан бо амрҳои дигари президент, ду муовини Маркази миллии тестии назди президенти таъин шуданд.
Эълони сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев
Инҳо, Абдулвосит Шодиниё ва Уктам Олимҷонзода мебошанд.