Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина силоҳи кофӣ барои мубориза бо Русия надорад

Вазири мудофиаи Украина мегӯяд, кишвараш аслиҳаи кофӣ барои мубориза бо ҳар артиш дар Аврупоро дорад, аммо дар мубориза бо артиши Русия силоҳи кофӣ надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Вазири дифои Украина Олексий Резников гуфт, Киев силоҳи кофӣ барои мубориза бо ҳар гуна артиш дар Аврупоро дорад ба ҷуз артиши Русия, менависад РИА "Новости".

"Мо аз шарикон дастрас кардем, аз бозор харидем, истеҳсол кардему ба қувваҳои мусаллаҳ зиёди аслиҳа супоридем. Ин миқдор аслиҳа барои пирӯз шудан бар ҳар артиш дар Аврупо басанда буд, аммо на аз Русия", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Аз ин рӯ, ба таъкиди Резников Украина ба силоҳи сангин ниёз дорад.
Қаблан, Иттиҳодияи Аврупо аз тасмими интиқол додани кумаки низомӣ ба маблағи ду млрд евро ба Украина хабар дода буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина фиристода мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва баръакс таъсири манфӣ мерасонад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Русия бо маҳви Ғарби куҳна ҷаҳони нав месозад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.