"Сомон эйр" зоирони доғистониро ба Арабистон мебарад

Бар асари таҳримҳои Ғарб мусалмонони Доғистон барои рафтан ба зиёрати Ҳаҷ мушкил доранд, ки ба ҳалли он ширкати ҳавонавардии тоҷикӣ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр"-и Тоҷикистон бо зоирони рус аз Доғистон ба Мадина парвози мустақим анҷом медиҳад.
Чунин парвоз бори аввал анҷом дода мешавад. Иттилоъро ширкати ҳавонавардӣ ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
"Мо оид ба ин масъала созишномаи пешакӣ дорем, ки ҳоло дар ҳоли таҳия қарор дорад", - гуфт манбаъ.
Бар асари таҳримҳои Ғарб ба мусулмонони Доғистон барои ширкат дар маросими ҳаҷ мушкилот пеш омад, аммо бунёди хайрияи сенатор Сулаймон Каримов бо ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ тавофуқ кард, ки онҳоро ба шаҳри муқаддас бирасонад.
Тақрибан 40 дарсади зоирини Доғистон имсол маросими Ҳаҷро ҳамин тавр анҷом медиҳанд.
Нархи сафари "Ҳаҷ-2022" гарон шуд: шарҳи Кумитаи дин
Ҳудуди 1,8 ҳазор сокини Доғистон тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон эйр" парвоз хоҳанд кард. Ҳазор нафари онҳо зоироне ҳастанд, ки тавассути барномаи хайрияи Керимов мераванд.
Дар маҷмӯъ, имсол беш аз 4,5 ҳазор нафар аз Доғистонӣ қасд доранд, ба зиёрати маконҳои муқаддаси ислом ба Макка ва Мадина сафар кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа дар байни ҳамаи вилоятҳои Федератсияи Русия квотаи бештарро гирифтааст. Маросими аслии ҳаҷ аз 7 то 12 июл баргузор мешавад.
Соли ҷорӣ қимати сафар барои зиёрати хонаи Худо барои ҳар зоир наздик ба шаш ҳазор доллар пешбинӣ шудааст.