ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Туркия наметавонад дархостҳои узвият дар НАТО-ро аз кишварҳое, ки намехоҳанд, дар мубориза бо созмонҳои террористӣ мавқеи мушаххас ишғол кунанд, мусбат қабул кунад, менависад РИА "Новости" аз қавли Фахриддин Алтун, роҳбари идораи тамоси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Туркия.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май Финландия ва Шветсия барои узвият дар НАТО ба Дабири кулли ин созмон дархост пешниҳод карданд. Туркия аз оғози раванди баррасии ин дархостҳо ҷилавгирӣ кардааст.
Сипас раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, Анкара наметавонад дар робита ба вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО посухи мусбат диҳад, зеро ба бовари сиёсатмадорони он, ин ду кишвар сиёсати муносиберо дар қиболи Ҳизби коргарони Курдистони мамнуъ дар Туркия дунбол намекунанд.
"Туркия наметавонад дархостҳои узвияти кишварҳое НАТО-ро, ки намехоҳанд, дар мубориза бо созмонҳои террористӣ мавқеи мушаххасе ишғол кунанд, ба таври мусбат қабул кунад. Чунин мавқеъ ба ояндаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ низ таҳдид мекунад", - изҳор доштааст Алтун ба хабаргузории "Анадолу".
Ба гуфтаи вай, равандҳои геополитикии давраи ахир арзиши Туркияро ҳамчун муттаҳиди НАТО нишон доданд.
"Вазъият дар Украина ва равандҳои баъдӣ нишон доданд, ки блоки НАТО ба муқовимати геополитикӣ ҷалб шудааст. Нигарониҳои нав дар бораи амният дар НАТО ба вуҷуд меоянд", - изҳор дошт Алтун.
Намояндаи раҳбари Туркия қайд кард, мушкилоти амниятӣ, ки ҳоло кишварҳо бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, на танҳо натиҷаи таҳдиди баъзе давлатҳо алайҳи дигар давлатҳо мебошад.
"Маҷмуи чолишҳо вуҷуд доранд, аз қабили терроризм, эпидемияҳо, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, киберамният, тағирёбии иқлим, қатъи интиқоли захираҳои энергетикӣ, суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ. Ҳамаи ин омилҳо дар якҷоягӣ ба амнияти байналмилалӣ асар мегузорад", - таъкид кард ӯ.
Русия иддао дорад, ки НАТО ҳадафи муқовиматро дорад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, тавсеаи минбаъдаи паймон амнияти бештареро ба Аврупо нахоҳад овард. Ҳамзамон вай қайд кард, ки вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро таҳдиди мавҷудият барои Русия намедонад.