ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз шаҳри Конибодом ба кишварҳои хориҷӣ 420 тонна зардолу содир шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки аз маросими ҷамъоварии ин мева раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафараш ба ин шаҳр боздид кардааст.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом беш аз 11 ҳазор ҳектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз он 8 ҳазор ҳектараш ҳосил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд
Боғпарварони Конибодом дар парваришу истеҳсоли меваи зардолу таҷрибаи хуб дошта, иқлими мусоиди минтақа имкон медиҳад, ки ҳосили хуб рӯёнида шавад.
Ҳамасола аз ин боғот мева ҷамъоварӣ шуда, қисме аз он содирот ва қисми дигар хушконида мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар шаҳри Конибодом бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсия додааст.
Хушконидани зардолу дар шаҳри Конибодом
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом, дар хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа 5402 гектар пахта кишт гардида, нашъунамои зироат хуб ва мутобиқ ба меъёри муқаррарӣ мебошад.