Рустами Эмомалӣ ду кӯдакистон ва як фурӯшгоҳро ифтитоҳ кард

Дар яке аз кӯдакистонҳое, ки раиси пойтахт онро ифтитоҳ кард, мутахассисоне машғули коранд, ки сертификати байналмилалии "Cambridge"-ро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе боз ду кӯдакистони нав ва як фурӯшгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин ду биноро раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба истифода дод. Бар хабари котиботи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ муассисаи таълимии томактабии хусусии "Cherry Kid’S Academy" - ро ифтитоҳ кард.
Муассисаи мазкурро соҳибкори тоҷик, Давлатов Хурсанд фармоиш дода, корҳои лоиҳакаширо "Селтехпроект" анҷом додааст.
Кӯдакистони мазкур имкони фарогирии то 150 нафарро дошта таълим пурра бо забони англисӣ сурат мегирад. Муттахассисоне, ки дар кӯдакистон кор мекунанд, дорои сертификати байналмилалии "Cambridge" мебошанд. ба кӯдакон аз рӯи барномаи таълимии ҷаҳонӣ STEAM, IYCS ва CAMBRIDGE дарс гуфта мешавад.
Раҳмон дар зодгоҳаш: президент дар Данғара боғ ифтитоҳ карду парандаҳоро сар дод
Котиботи раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин аз ифтитоҳ шудани як кӯдакистони дигар дар ноҳияи Сино хабар додааст. Ин муассисаи томактабии хусусии "Душанбе Монтессорӣ" буда, то 150 нафар кӯдаконро дарбар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳамчунин тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессорӣ ба кӯдакон таълим дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, гӯшаи мавсимии фурӯши маҳсулоти дастраси "Баҳор"-ро мавриди истифода қарор дод.