ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Амалиёти махсуси Русия дар Украина мувофиқи нақша ва бо расидан ба ҳадафҳо идома дорад.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Аз мавзуъҳои байналмилалӣ пеш аз ҳама дар бораи Украина суҳбат кардем. Мо бори дигар таваҷҷуҳро ба мушкилоте ҷалб намудем, ки солҳо дар марзҳои мо ба вуҷуд омадаанд, таҳдидҳо ба амнияти мо аз ҷониби бозигарони беруна эҷод шудаанд", - гуфт раҳбари ВУХ Русия ба хабарнигорон дар паи натоиҷи музокирот бо ҳамтои туркаш.
Лавров афзуд, ки дар ин мулоқот дар бораи рафти амалиёти махсуси ҳарбӣ низ суҳбат кардааст.
"Дар бораи амалиёти вижа суҳбат кардем, ки тибқи нақшаи таҳияшуда, ба ҳадафҳои худ мерасад ва ҳамзамон бо кӯшиши кам кардани хисорот ба аҳолии осоишта ва албатта, ба ҳайати низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск", - гуфт Сергей Лавров.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.