Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Душанбе ва Бишкек барои ҳалли мушкилоти марзӣ омодаанд

Музокироти дуҷониба миёни намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он вазъи кунунии муносибатҳо баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Душанбе ва Бишкек хостори ҳалли созандаи мушкилоти марзӣ шуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Муовинони вазирони хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Динара Кемелова аз омодагии худ барои ҳалли масоили марзӣ хабар доданд.
Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин дидор ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кардаанд.

"Муҳимияти дастгирӣ ва тавсеаи равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар чорчӯби платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид", - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

Муовинони вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба идомаи "муколамаи доимии созанда" ҳангоми ҳалли тамоми масоили мубрам таъкид карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Қобили зикр аст, ки музокироти дипломатӣ дар доираи конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" сурат гирифтааст.