Зеленский иқрор шуд, ки Украина тавони ҳамла надорад

Президенти Украина иқрор шуд, ки кишвараш аз нигоҳи зарфиятҳои техникӣ аз Русия қафотар аст ва бинобар ин қодир нест, ки ҳамла кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Владимир Зеленский эътироф кард, ки Украина аз ҷиҳати фанноварӣ аз Русия қафотар аст ва аз ин рӯ, ба гуфтаи рӯзномаи бритониёии "Financial Times", "қодир нест, ки ҳамла кунад".
"Мо аз лиҳози технология пасттар ҳастем, аз ин рӯ ҳамла карда наметавонем. Мо талафоти бештар хоҳем дид ва аз ин рӯ одамон барои ман афзалиятаранд", - навиштааст рӯзнома суханони Зеленскийро, ки зимни конфронси видеоӣ, ки худи нашрия ташкил кардааст изҳор доштааст.
Ахиран Зеленский таслим шудани дувуним ҳазор сарбоз дар корхонаи Мариупол "Азовстал"-ро эътироф кард. Ин пас аз ним моҳ рӯй дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар амалиёти вижа дар Украина тавонотарин силоҳи Русия номида шуд
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.