Ӯзбекистон ҳамаи маҳдудиятҳои ковидиро лағв кард

Ӯзбекистон аз 10 июни соли ҷорӣ тамоми маҳдудиятҳои вуруд ба ин кишварро лағв мекунад. Ин тасмим ба хотири беҳ шудани вазъи коронавирус дар ҷаҳон гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар Ӯзбекистон сар аз 10 июн тамоми маҳдудиятҳои ковидӣ, ки қаблан ҷорӣ гардида буданд, лағв мешаванд. Дар ин бора Вазорати сайёҳӣ ва фарҳанги мардумии ин ҷумҳурӣ хабар дод.
"Маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба коронавирус ҳангоми вуруд ба Ӯзбекистон тавассути ҳаво, вокзалҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ лағв карда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.
Ин маънои онро дорад, ки сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла русҳо, дигар ба пешниҳоди шаҳодатномаи моякӯбӣ ва ПСР ниёз нахоҳанд дошт.
Илова бар ин, аз 14 июн ҳаракати қатор аз Тошканд самти Самара ва Волгоград пиёда мегардад. Қаторҳо ҳафтае як маротибагӣ ба Самара ва Волгоград мусофиронро аз Тошканд мерасонанд.
Қазоқистон талаби санҷиши ПСР ва шиносномаи моякӯбиро лағв кард
Ҳамчунин шумори парвозҳо аз Русия ба Ӯзбекистон низ афзоиш ёфт. Ҳоло дар як ҳафта миёни Русия ва Ӯзбекистон 25-39 парвоз амалӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон низ ба далели беҳтар шудани вазъи коронаиврус сканҷиши ПСР - ро лағв кард.
Ҳамакнун дар марзи ин кишвар дигар зарурати доштани шаҳодатномаи моякӯбӣ ва ё ташхиси солим будан аз коронавирус ҷо надорад.
Санҷиши ПСР - ро қаблан Туркия, Италия ва чанд кишвари дигар низ бекор карданд.