ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ширкати ҳавонавардии "Уралские авиалинии" сар аз авоили моҳи июл то сентябри соли равон ба чандин шаҳр парвоз анҷом намедиҳад.
Дар феҳрати шаҳрҳое, ки ҳавпаймоҳои ширкат мазкур парвоз намекунанд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон дохил нашудаанд.
Котиботи ширкати мазкур хабар медиҳад, ки ширкати ҳавонавардии "Уралские авиалинии" аз моҳи июл то сентябр ба шаҳрҳои ҷанубии Русия парвоз намекунад. То ҳол иллати парвоз накардани ҳавопаймоҳои ширкати мазкур ба ин самтҳо зикр нагардидааст.
Маълум гардид, ки ба феҳристи фурудгоҳҳое, ки ин ширкат парвоз анҷом намедиҳад, Анапа, Геленджик, Краснодар, Воронеж ва Ростови лаби Дон дохил мешаванд.
Манбаъ меафзояд, мусофироне, ки то 30 сентябр аллакай дар ин самт чипта харидорӣ намудаанд, маблағи онҳо пурра баргардонда мешавад.
Ширкат пешниҳод намудааст, ки бар ивази бозпас гирифтани маблағ мусофирон метавонанд самти парвози худро ба шаҳрҳое чун Сочи, Калининград, Санкт-Петербург, Маскав ва Владикавказ иваз кунанд.
Қаблан ширкати мазкур парвозҳояш ба Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро низ масдуд карда буд. Маълум нест, ки чаро ширкати мазкур парвозҳо ба ин чор кишварро мутаваққиф намудааст. Ин маҳдудият то моҳи октябри соли равон идома пайдо мекунад. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое, ки то моҳи октябри соли равон аз хидматрасонии "Уралские авилинии" маҳрум мондаанд, дохил нашудааст.