Дар Тоҷикистон ярмаркаи донишгоҳҳои пешсафи Русия баргузор мешавад

Дар ду шаҳри бузурги Тоҷикистон барои довталабон ва донишҷӯён ярмаркаҳои омӯзишӣ доир мегардад, ки дар бораи барномаҳои нави донишгоҳҳои Русия маълумот медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон 10-умин намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои "Маорифи Русия. Тоҷикистон - 2022" баргузор мешавад, хабар медиҳад намояндагии "Россотрудничество" дар ҷумҳурӣ.
Ярмаркаи барномаи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд чанд рӯз идома хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, ин чорабинӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июн дар Китобхонаи миллӣ ва дар Хуҷанд рӯзи 3-юми июн дар Қасри ҷавонон баргузор мешавад.
Аз ин ярмарка на танҳо довталабон, балки волидон низ метавонанд боздид кунанд ва бо барномаҳову пешниҳодҳои нави донишгоҳҳои пешсафи Русия барои соли таҳсили 2022-2023 муфассал ошно шаванд.
Шонси дигар ба донишҷӯшавандаҳо: 20 рӯзи иловагӣ барои сабти ном дода шуд
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, довталабони тоҷике, ки дар марҳилаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) ном дар имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ натавонистанд сабти ном шаванд, акнун метавонанд ба марҳилаи иловагӣ ҳуҷҷат супоранд.
Бақайдгирии иловагӣ аз 10 то 30 июн дар Душанбе ва дар як қатор шаҳрҳои дигари кишвар гузаронда мешавад. Довталабоне, ки дар марҳилаи асосӣ сабти ном шудаанд, метавонанд дар марҳилаи иловагӣ бахшашонро иваз кунанд.
Бидуни "тағобозӣ": ҳушдори Маркази тестӣ ба довталабон ва ваъдаи имтиҳоноти шаффоф
Бақайдгирии дубора ҳамзамон бо марҳилаи иловагӣ сурат мегирад ва барои гузаштан аз санҷиш бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ, ки қаблан сабти ном шуда будед, муроҷиат намоед.