“Расвоӣ!” Сенатори амрикоӣ ба Байден барои кораш баҳои як гузошт

Як сенатори амрикоӣ ба раисҷумҳури феълии Амрико барои барномаи пешниҳодкардааш дар хусуси мубориза бо таваррум баҳои як гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҷон Баррассо, сенатор аз штати Вайоминг дар мусоҳибае дар шабакаи телевизионии "Fox News" гуфт, нақшаи Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА барои наҷоти иқтисод дар шароити рекордии таваррум ва фақр сазовори баҳои пасттарин аст, иттилоъ додааст РИА "Новости".
Ба гуфтаи вай, нотавониро маҳз ин роҳбари давлат нишон додааст.

“Ба сиёсати “сабз” кӯр-кӯрона бовар намуда, амрикоиҳоро аз имкони истифодаи захираҳои энергетикии кишвари худ маҳрум кард. Ҳамзамон Байден натавонист муддати тӯлонӣ сабаби мушкилотро дар иқтисод муайян кунад. Ин нотавонӣ ба сатҳи зиндагии як қисми зиёди аҳолӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст”, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон вай қайд кард, ки раисҷумҳур ба ҷойи ҷустуҷӯи роҳҳалли муайян гуноҳро дар дигарон мебинад ва айбдоркуниҳои бардурӯғро давом медиҳад.
"Ин нақша нест, балки расвоӣ аст! Агар аз хонандаи мактаби миёна аз ин имтиҳон мекард, ӯ баҳои ду мегирифт, вале агар президент дар пасманзари болоравии рекордии нархи бензин ва маводи ғизоӣ инро мегӯяд, ба ӯ бояд баҳои як гузошта шавад”, - таъкид кард Баррассо.
Песков дар бораи интиқоли силоҳ аз Амрико ба Киев гуфт
Сенатор қайд кард, ки ӯ ният дорад, ба Ҷанет Йеллен, вазири молияи ИМА саволҳои дахлдор диҳад, зеро Байден, ки чанде пеш дар ин мавзуъ мақолаҳои зиёде нашр кардааст, дар ин бора комилан чизе пешниҳод накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, боло бурдани андоз, бахусус барои қишри ҷомеае, ки чандон барои ғизо пул надорад, як иқдоми воқеан хандаовар аст.
Дар ҳамин ҳол нархи бензин барои як галлон ба панҷ доллар наздик мешавад ва ёварони Байден ба саросари кишвар сафар мекнунад ва ба мардум мегӯянд, "вазъ бад нест".
Бояд гуфт, дар моҳҳои охир нархи бензин дар Иёлоти Муттаҳида мунтазам баланд шуда ба сатҳи рекордӣ расид. Болоравии қимати маводи сӯхт дар пасманзари болоравии қимати нафт дар ҷаҳон бо вуҷуди талошҳои Кохи сафед барои пешгирӣ аз ин тамоюл сурат мегирад. Болоравии нархи сӯзишворӣ, ки таваррумро то ҳадди 40 соли ахир афзоиш дод, дар Вашингтон пайомади низоъ дар Украина арзёбӣ мешавад ва онро аз иқдомҳои худ намебинанд.