Пулҳои давлатро азонихуд кард: ҷазои муҳосиби мактаб барои сохтакорӣ

Муҳосиби мактаб бо роҳи сохтакорӣ маблағҳои буҷетиро азхуд кардааст, ки дар пайи санҷише аз ҷониби мақомоти зирабт боздошт гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн— Sputnik. Додгоҳи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон бо айби азхудсозии маблағҳои давлатӣ Ашӯров Фарҳод Толибҷоновичро ҷазо додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии куллӣ Тоҷикистон, Ашӯров замони дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи А.Ҷомӣ кор карданаш ба давлат зарари молӣ расонидааст.
Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш дар соли 2021 ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ такроран ба азонихудкунии маблағҳои бӯҷетӣ даст зада, дар маҷмуъ 40,765 сомонии муассисаро аз они худ намуда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Манбаъ мегӯяд, оиди ҳолати мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ нисбати Ашӯров Ф. бо моддаҳои 245, қисми 2, банди “г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳукми суд гунаҳгор дониста шуда, маҳкум шудааст.
"Обу лой" шудани қариб 4 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт
Гуфта мешавад, бо ҳукми суд нисбати боздоштшуда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба малағи 30000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум намудан аз ишғоли мансаби муайян таъин карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки назари худи Маҷидову ҷониби ҳимояаш низ дар бораи ин қарор маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳолати боздошту муҷозоти муҳосиби мактаб нест.
Бо ҳамин иттиҳом қаблан додгоҳ муҳосиби мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Панҷакентро маҳкум карда буд.
Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон додааст.
Қаблан мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 102 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 3 миллиону 956,8 ҳазор сомониро ошкор карда буданд.
Аз ин миқдор камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молии давлат ба маблағи 558,9 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.