ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳангоми эълони ғайриқобили қабул будани таҳқири Русия дар арсаи байналмилалӣ мардуми Украинаро тарсонд.
Дар ин бора шореҳи рӯзномаи Финландия "Iltalehti" Лаури Нурмӣ иттилоъ додааст.
"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон он чизеро изҳор дошт, ки украинҳо аз он метарсанд", - гуфт ӯ.
Маълум шуд, ки пештар раҳбари Фаронса аз рафтори таҳқиромез алайҳи Маскав ҳушдор додааст, зеро дар оянда ҳамкориҳо бо Русияро барқарор кардан лозим аст.
Ба гуфтаи коршинос, изҳороти Эммануэл Макрон аз омодагии ӯ барои қисман қонунӣ қабули будани амалиёти вижаи Русия шаҳодат медиҳад.
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки ба шарофати чунин изҳорот раисҷумҳури Фаронса мехоҳад, нақши “сулҳхоҳ”-ро ба даст орад ва дар ҳалли вазъ миёнарав шавад.
Қаблан Макрон ҳамчунин гуфта буд, ки дар шаш моҳи охир давомнокии умумии гуфтугӯҳои телефонии ӯ бо президенти Русия Владимир Путин 100 соатро ташкил додааст.
Дар тамоми ин муддат раҳбарон вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомии Украинаро барои ғайринизомикунонӣ ва нозизудоӣ анҷом медиҳад.
Ҳадаф “ҳимояи одамоне аст, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсиди режими Киев қарор гирифта буданд”.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, вазифаҳои асосии марҳилаи аввал аллакай иҷро шудаанд – иқтидори ҷангии Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.