ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи зарурати таҷдиди қонунгузорӣ эълом кард, ки он пештар манобеи иқтисодии кишварро дар инҳисори гурӯҳе аз шахсони маҳдуд қарор медод.
Раъйпурсии Қонуни Асосӣ дар Қазоқистон рӯзи 5 июн баргузор шуд. Комиссияи марказии интихоботӣ хабар дод, ки дар раъйпурсӣ 68,06 дарсад аз шаҳрвандон ширкат кардаанд.
Мувофики маълумоти пешакӣ, аз вориди тағйирот ба Қонуни Асосӣ 77,18 фоизи раъйдиҳандагон тарафдорӣ кардаанд.
Аксарият ба суолҳои раъйпурсӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷавоби мусбӣ доданд.
"Мо бояд қонунгузориро, ки инҳисори манобеи иқтисодии кишвар ба дасти як гурӯҳи маҳдуд мегузорад ва ба онҳо имтиёзҳои нолозим фароҳам меорад, бознигарӣ кунем", - гуфт ӯ дар паёми видеоие ба мардуми Қазоқистон.
Тоқаев ёдовар шуд, тибқи фармони ӯ, барои баргардонидани маблағҳое, ки ғайриқонунӣ аз ин кишвар бурда шуданд ва ба моликияти давлат баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидашуда комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
"Мо роҳи худро дар самти таҳкими ҳамаҷонибаи низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон идома хоҳем дод. Дар доираи ислоҳоти ҳуқуқӣ Додгоҳи конститутсионӣ аз нав ташкил карда мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Тоқаев, бояд механизми вокуниши фаврӣ ба қарорҳои ӯ ташкил карда шавад, то шаҳрвандон бартариҳои фаъолияти ин ниҳодро эҳсос кунанд.
“Дар Қазоқистони нави одил бояд худсарии пулис, додситонҳои бесалоҳият ва судяҳои ғаразнок ҷой надошта бошанд. Ҷомеа аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳӣ тағйироти воқеиро интизор аст. Аз рӯйи ин ва дигар масоили рушди кишвар дар ифтитоҳи сессияи навбатии парламент дар моҳи сентябри соли ҷорӣ қарорҳои мушаххас пешниҳод хоҳам кард”, - гуфт ӯ.