ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Аз ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон 76,7 дарсади интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд. Дар ин бора хабаргузории "NUR.KZ" бо такя ба натоиҷи як пурсиш аз ҷониби Пажуҳишгоҳи "СОЦИС-А" менависад.
"76,7% ба тарафдории ин тағйирот, 23,3% мухолиф овоз доданд", - гуфтаанд муҳаққиқон.
Ба гуфтаи онҳо, дар раъйпурсӣ беш аз 67 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд.
Оҷонсӣ таъкид кардааст, ки хулосаи назарсанҷӣ дар пайи пурсиши 350 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳосил шудааст. Бон онҳо ҳангоми берун омадан аз ҳавзаҳои овоздиҳӣ суҳбатҳо сурат гирифтааст.
Дар Комиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон низ пуштибонии тағйирот ба қонуни асосии кишвар аз ҷониби шаҳрвандон эълон шуд. Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, беш аз 77 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории ин ислоҳот раъй додаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми июн дар Қазоқистон раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ баргузор шуд.
Дар он ҳамчунин мамнӯъияти узвияти сарвари давлат дар аҳзоби сиёсӣ барои давраи раёсати ҷумҳурӣ муқаррар шудааст.
Чунин талабҳо нисбати раисону аъзои КМИР, комиссияи ҳисоб, раисони вилоятҳо ва муовинони онҳо низ татбиқ мешаванд.
Тағйирот ҳамчунин ишғоли мансабҳои раҳбарӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба хешовандони наздики сарвари давлатро манъ мекунад.
Як қатор тағйиротҳо ба риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла таъсиси суди конститутсионӣ, таҳкими мақоми омбудсмен дар сатҳи конститутсионӣ ва бечунучаро манъ кардани ҳукми қатл равона шудаанд.
Қонуни асосии навшуда истинод ба мақом, салоҳият ва имтиёзҳои президенти нахустини кишварро истисно мекунад.