Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои украинӣ техникаро партофта аз Святогорск гурехтаанд - видео

Низомиёни Русия бо дидани манзараи фирори сарбозони украинӣ ва худро ба дарё андохтани онҳо аз оташкушоӣ сӯяшон худдорӣ карданд
Sputnik
Нерӯҳои Русия ба марҳилаи ниҳоии озодсозии шаҳри Святогорск ва минтақаҳои атрофи он оғоз карданд, хабар дод Вазорати мудофиаи ФР.
Гурӯҳҳои миллигарои украинӣ пул дар дарёи Северский Донетскро таркондаанд, то аз фирори сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Украина ҷилавгирӣ кунанд, изҳор дошт генерал Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия.
Дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Русия боқимондаҳои баталони 95-уми Бригадаи десантӣ-ҳамлаии қувваҳои мусаллаҳи Украина техникаи низомӣ ва силоҳро партофта, дар минтақаи соҳилӣ пароканда шуданд, гуфт генерал.
Ба иттилои ӯ, ҳудуди 80 низомии украинӣ бо шино аз дарё гузаштанд ва тарафи онҳо ҳадафмандона тир холӣ карда нашуд.

"Худдории нерӯҳои украинӣ аз ҳимояи низоми нолозими Киев бо роҳбарии миллатгароҳоро чун ягона роҳи дуруст, на тарсуӣ арзёбӣ мекунем", - таъкид намуд Конашенков.

Ӯ ҳамчунин аз тамоми нерӯҳо ва воҳидҳои ҳимояи ҳудудии Украина хост, аз ин кор пайравӣ кунанд, то ҳаёташонро ҳифз намоянд. Русия дар навбати худ ба ҳамаи таслимшудаҳо муносибати сазовор ва бозгашт ба пеши оилаҳоро кафолат медиҳад, таъкид кард намояндаи Вазорати мудофиа.
Святогорск, ки то соли 2003-юм Славяногорск ном дошт, дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Мардумии Донетск, дар 40-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Изюми вилояти Харков ҷойгир мебошад, ки таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дорад.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба Путин аз теъдоду вазъи гурезаҳо гуфт
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.