ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазъ дар Украина боиси воҳима дар Аврупо шудааст, гуфт Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар конгресси Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёт.
"Дар ҳоле ки кишвари мо 11 сол боз бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Сурия бомуваффақият мубориза мебарад, мо дар Аврупо воҳимаро мушоҳида мекунем", - гуфт сиёсатмадор.
Илова бар ин ӯ изҳор дошт, ки системаи амниятие, ки Ғарб офаридааст, хароб шудааст.
Пас аз он ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро оғоз кард, ҷараёни гурезаҳои украинӣ ба кишварҳои ИА аз қабили - Полша, Маҷористон ва Руминия рафтанд.
Дере нагузашта сардори Вазорати корҳои дохилии Олмон Нэнси Фазер гуфт, ки воридшудагон набояд аз расмиёти паноҳандагӣ гузаранд. Онҳо дар ИА барои то се сол ба ҳимояи фаврӣ ва инчунин дастрасии зуд ба суғуртаи тиббӣ ва бозори меҳнатро доранд.
Дар ҳамин ҳол, чунин меҳмондорӣ дар миёни аврупоиҳо мавриди интиқод қарор гирифт ва бархеҳо ба далели надоштани имтиёзҳои мушобеҳ барои паноҳандагон аз кишварҳои африқоӣ мақомотро ба нажодпарастӣ муттаҳам карданд.