ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар сурати интиқоли мушакҳои дурпарвози Амрико ба Украина Русия хулоса мебарорад, гуфт президент Владимир Путин дар барномаи "Маскав. Кремл. Путин".
Роҳбари Русия қайд кард, ки интиқоли MLRS-и амрикоӣ ба Киев ба пур кардани талафоти техникаи низомии Украина рабт дорад.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Русия ҳадс мезанад, ки интиқоли мушакҳои масофаи 45-70 километрро дар назар дорад.
"Бале, дар сурати интиқол ёфтани ин мушакҳо мо хулосаи мувофиқ мебарорем ва ба объектҳое, ки қаблан зиён нарасонда будем, зарба хоҳем зад", - таъкид дошт раисҷумҳури Русия.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида аз тавофуқ дар бораи интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон кард. Аммо шарт гузошт, ки дар сурати интиқол додани ин система аз он барои зарба задан ба қаламрави Русия истифода бурда намешавад.
Владимир Зеленский ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Егор Чернев, вакили Верховная Радаи Украина, ҳамлаҳои мушакҳои аз ҷониби Амрико таъминшуда ба қаламрави Русияро истисно накард.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар шарҳи суханони Зеленский дар бораи истифода накардани аслиҳаи воридкардаи ИМА алайҳи Федератсияи Русия гуфт, Русия ба Украина боварӣ надорад, зеро Зеленский ягон ваъдаи худро дар бораи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъ дар Донбасс иҷро накард.