Путин: Артиши Русия силоҳҳои Украинаро мисли "чормағз" мешиканад

Раисҷумҳури Русия гуфт, системаҳои дифоии ин кишвар силоҳҳои Украинаро, ки давлатҳои Ғарб барояш мефиристанд, мисли "чормағз" мешикананд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳуҷуми зиддиҳавоии Русия силоҳҳои артиши Украинаро ба осонӣ нобуд мекунад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, ин ҳарфҳоро Владимир Путин дар барномаи "Масква. Кремл. Путин" изҳор доштааст.
"Системаҳои дифои ҳавоии онҳо [аслиҳаи украинӣ]-ро артиши мо мисли "чормағз" мешиканд, даҳҳо адад нобуд шуданд", - тавзеҳ дод роҳбари Русия.
Путин дар шарҳи тасмими ИМА дар бораи таъмини Украина бо системаҳои нави мушакҳои чандкарата, гуфт, ки дар миёни силоҳҳои додашуда ҳеҷ чизи наве нест.
"Дар ин ҷо ҳеҷ чизи нав нест. Аввалан, ин системаҳои мушакии чандкарата, ки дар хидмати артиши Украина қарор доранд - системаҳои шабеҳи истеҳсоли шӯравӣ: Град", "Смерч", "Тӯфон" мебошанд", - гуфт президенти Русия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи пайомадҳои интиқоли мушакҳои дурпарвоз ба Украина гуфт
Қаблан Иёлоти Муттаҳида аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд. Владимир Зеленский ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Егор Чернев, вакили Верховная Радаи Украина, ҳамлаҳои мушакҳои аз ҷониби Амрико таъминшуда ба қаламрави Русияро истисно накард.
Путин дар навбати худ таъкид кард, ки дар сурати интиқоли мушакҳои дурпарвоз ба Украина, Русия дар мавриди зарбаҳо ба он объектҳое, ки то ҳол зада нашудаанд, хулоса мебарорад.