ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ва аз ташаббускорони тағйирот ба Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок кард.
Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон гузориш дода, инчунин аксу навори раъйдиҳии Нурсултон Назарбоев, роҳбари собиқи ин кишварро низ нашр кардаанд.
Раъйпурсӣ барои вуруди тағйирот ба моддаи 33-юми Сарқонуни Қазоқистон гузаронда мешавад.
Аз ҷумла бар асоси тағйиру иловаҳо дар назар аст, ки салоҳиятҳои президент дар Қазоқистон коҳиш дода шаванд. Нақши парлумон ва вакилони маҳаллӣ таҳким меёбад.
Дар назар аст, ваколатҳои зиёди президент, иштироки сарвари давлат дар ташкили палатаи болоии парлумон коҳиш ёфта, таъсири ӯ ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ маҳдуд мешавад.
Инчунин додгоҳи конститутсионӣ ташкил мегардаду ба таври ниҳоӣ ҳукми қатл дар кишвар бекор мешавад.
Дар баробари ин тибқи тағйироте, ки ба раъйдиҳӣ гузошта шудаанд, мақоми махсуси раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев лағв мегардад.
Мақомоти Қазоқистон қаблан изҳор дошта буданд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия дар чаҳорчӯби нақшаи ислоҳоти сиёсии пешниҳодкардаи Тоқаев таҳия шудаанд.
Зикр шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон ба хотири муттаҳидсозии гузариши ниҳоии як шакли ҳукумат ба ҷумҳурии президентӣ бо парлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда пешбинӣ шудааст.