Дар ИМА ба Зеленский тавсия доданд, ки минтақаҳои зери назорати Русияро диҳад

Рӯзноманигори амрикоӣ бар ин бовар аст, ки кишвараш бояд ба раисҷумҳури Украина фишор орад, то ӯ минтақаҳоеро, ки таҳти назорати Русия ҳастанд, раҳо кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазъият дар Украина бояд бо шартҳои Русия сулҳомез хотима ёбад ва Вашингтон бояд Владимир Зеленскийро ба ин тасмим тела диҳад, менависад рӯзноманигори амрикоӣ Фрэнк Ҳовард.
"Иёлоти Муттаҳида бояд ба президент Зеленский фишори шадид расонад, то ба созиш розӣ шавад ва ба манотиқи русзабон дар ҷануб ва шарқи Украина иҷозат диҳад, ки ҷудо шаванд ва зери назорати Русия бимонанд", - афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, бо беҳтарин натиҷаи рӯйдодҳо, Украина дар пайи натоиҷи музокироти оянда дар муноқишаи геополитикии Ғарб ва Маскав бетараф боқӣ мемонад. Чунин иқдом манфиатҳои миллии Русияро ҳимоя мекунад.
Путин: Артиши Русия силоҳҳои Украинаро мисли "чормағз" мешиканад
Ба ҳамин далел, таъмини Киев бо силоҳро бас кардан лозим аст, зеро онҳо метавонанд ба амнияти қаламравҳои Русия таҳдид кунанд, итминон дорад рӯзноманигор.
Пештар Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин гуфта буд, ки Русия талабҳои худро нисбати Украина ба таври возеҳ баён кардааст, онҳо ба Киев маълуманд, аммо мақомоти Украина аз музокира сарпечӣ мекунанд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.