Моҳигирии фоҷеабор: ҷасади ҷавони 18-сола аз рӯди Кофарниҳон пайдо шуд

Моҳигирӣ дар макони мамнуъ барои як ҷавони 18-сола бо фоҷеа анҷомид. Ҷасади ӯро наҷотдиҳандагон пас аз ду рӯзи ғарқшавӣ пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдат, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо гардид.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки имдодгарони КҲФ ҷасади ҷавонро ба кормандони милитсия супурдаанд.
Тибқи гузориши ин ниҳод, номбурда рӯзи 2-уми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин ҳодиса номаълум аст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҷавон замоне ғарқи об шудааст, ки дар як макони мамнуъ моҳигирӣ мекардааст", - омадааст дар хабари КҲФ.

Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва ё моҳидорӣ аз маконҳое истифода кунанд, ки иҷозат дода шудаанд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ медорад.
Аз рӯди Душанбе боз як ҷасад пайдо карданд: ин бор духтари 22-сола
Ин сеюмин ҳодисаи ғарқшавӣ таи ҳафтаи ахир мебошад. Пештар ҷасади духтари 22-сола, ки дар дарёи Варзод ғарқ шуда буд, аз дарёи Душанбе ёфт шуда буд.
Ҳамчунин, мақомот дар ин дарё ҷасади марди ношиносеро пайдо карданд
Дар рӯди Душанбе ҷасади марди номаълум пайдо шуд
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Манбаъ меафзояд, марди ғарқшуда тахминан 45-50-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.