ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Бар асари даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як марзбони тоҷик захмӣ шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Tajikistanяк манбаъ аз ҷамоати Ворух иттилоъ дод.
То кунун дар бораи исми сарбози захмишуда иттилои бештаре дар даст нест.
Ҷониби Қирғизистон иттилоъ дод, ки ду марзбонаш ҷароҳат бардоштааст, ки ҳолати яке вазнин арзёбӣ мешавад.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷиикстон расман то кунун дар бораи омилҳои сар задани ҳодиса иттилое надодаст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод. Он тақрибан ду соат давом кард.
Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ин кишвар чун дар ҳолатҳои қаблӣ ин дафъа низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард.
Дар навбати худ сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати Тоҷикистон Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар наздикии рустои Офтобруӣ оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, иллати даргириҳо, баръакс, убури марзбонони қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон будааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.