ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза рух дод. Дар ин бора сокинони пойтахти кишвар хабар доданд.
Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ларзиш дар баландошёнаҳо ба ҳадде сахт буд, ки иддае ҳатто аз хонаҳо берун шуданд.
Вуқуи ин заминларза шаби 2 июн, соати 23:35 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.
Бино ба иттилои маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, шиддати ларзиш 4,5 баллро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, зилзила дар умқи тақрибан 20 километр, дар ҷануби Душанбе ба самти Бохтар рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ин зилзила иттилоъ надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин сеюмин ларзиш давоми як моҳи ахир аст.
Охирин бор дар кишвар 12 май ва қабл аз он 5 май ларзиши замин сабт шуда буд, ки шиддати онҳо чаҳордараҷаӣ арзёбӣ мешуд.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд, аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо кам нестанд.