Сӯхтор дар маркази тиҷоратии Маскав: чанд нафар захмӣ шуд?

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод, ки дар сӯхтори маркази тиҷоратии "Гранд Сетун Плаза" чанд нафар ҷароҳат бардошта ва яке бистарӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Аллакай тақрибан 125 нафар аз сӯхтори маркази тиҷоратии "Гранд Сетун Плаза" наҷот дода шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар сӯхтор дастикам 11 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳоло ба захмиён ёрии тиббӣ расонда мешавад. Илова бар ин вазъи яке аз қурбониён вазнин буда, ӯро ба бемористони ба номи Склифосовский бурдаанд.
Феълан ҷустуҷӯи одамон дар бино идома дорад, эҳтимол дорад, ки дар дохили он ҳанӯз ҳам афроди бандшуда бошанд.
Ба ҷойи сӯхтор се чархболи "Ка-32", 15 бригадаи ёрии таъҷилӣ ва як маркази тиббии таъҷилӣ фиристода шуданд.
Дар ҷойи ҳодиса беш аз 340 наҷотдиҳанда ва ҳудуди 100 техника кор мекунанд.
Наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки сӯхтори бинои маъмурӣ аллакай хомӯш карда шудааст.
Сӯхтор дар маркази бузурги тиҷоратӣ дар Маскав: навор аз ҷои ҳодиса
Майдони оташсӯзӣ дар "Гранд Сетун Плаза" беш аз 1000 метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ду фарзияи сабаби сар задани сӯхтор дар маркази бузурги тиҷоратии "Гранд Сетун Плаза" вуҷуд дорад.
Гуфта мешавад, ин сӯхтор ё дар пайи қасдан оташ задани маркази тиҷоратӣ ба вуҷуд омадааст ё бинобар расиши кӯтоҳи ноқилҳои ношӣ аз насби нодурусти системаи рӯшноӣ.