Тавофуқ ба маблағи беш аз 1 млрд доллар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тавофуқот ба маблағи беш аз 1 млрд доллари амрикоӣ ҳосил шудааст, ки аз савдо то истеҳсолотро фаро мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, аз ҷумла дар пайи мулоқоти соҳибкорони ду кишвар даҳҳо созишномаи тиҷорию сармоягузорӣ баста шудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо назардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ду кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 млрд доллари амрикоӣ татбиқ карда мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷамъбасти ҳамоиши соҳибкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дар маҷмуъ 75 санади нави ҳамкорӣ байни намояндагони ду кишвар имзо шудаанд, ки бахшҳои мухталифро фаро мегиранд.
Маблағи созишномаҳои имзошуда дар маҷмуъ 570 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Омадурафти мардум: президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дастоварди асосияшонро гуфтанд
Илова шудааст, ки созишномаҳо фаъолияти соҳибкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминии аввалия ба Ӯзбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.
Инчунин миёни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи умумии 258 млн доллари амрикоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ имзо гардидаанд. Дар маҷмуъ маблағи санадҳои имзошуда дар арафа ва зимни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон беш аз 1 млрд доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, аз ҷумла 7 созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев Эъломияи таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро имзо гузоштаанд.
Санадҳои дигар ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ, ҳамкорӣ дар пиллапарварӣ, рушди саноату савдо, фарҳанг, муҳити зист ва ғайраро дар бар мегиранд.