ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар сабабҳои сар задани сӯхтори шабона, ки дар натиҷаи он бозори марказии "Фаровон" хисороти ҷиддӣ дидааст, таҳқиқ доранд.
Сӯхтори бозор соати 22:22 (ба вақти маҳаллӣ)-и рӯзи 1 июн оғоз шуд, ки танҳо бомдоди 2 июн ба оташнишонҳо имкон даст дод, то онро хомӯш кунанд.
"Барои хомӯш карадни алангаи оташ бо бонги хатар ҳама ҳайатҳои шаҳриву вилоятӣ ва навоҳии гирду атроф ҷалб шуданд", - гуфтанд аз идораи сӯхторнишонии вилояти Хатлон.
Аз Хадамоти оташнишонии назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсуси тафтишотӣ ва мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд.
Ҷузъиёти сӯхтор ва сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад. Илова бар ин, ба гуфтаи сӯхторнишонҳо, ҳоло низ оббошӣ ба маҳалли сӯхтор идома дорад, то дигарбора оташгирӣ ба амал наояд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷа ҳудуди 1200 метри мураббаъ сӯхтааст", - гуфт як манбаъ дар ин ниҳод.
Аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон бошад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шабона бо дарди фишорбаландӣ ва ҷароҳатҳои гуногун беш аз 12 нафар ба беморхона мунтақил шуданд, ки ба ҷуз аз як тан ҳама рухсат шуданд. Инҳо умдатан коргарон ва фурӯшандагони бозор будаанд, ки талоши наҷоти молро кардаанд ва сӯхтаву захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, танҳо Маҳмад Сафаров, сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати вазнин қарор дошта, 95% баданаш осеб дидааст. Ӯ зимни таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои дохили бозор захм бардоштааст.
Дар бораи шумори бистаришудагон ва вазъи дақиқи онҳо то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.