Нархи сафари "Ҳаҷ-2022" гарон шуд: шарҳи Кумитаи дин

Харҷи сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирин то як баробар бештар шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ин гароншавиро ба хадамоти ҷониби кишвари мизбон рабт медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2022" барои ҳар зоири тоҷик 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар хоҳад буд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз замони пандемия ҳар зоир барои зиёрати хонаи Худо 35 ҳазор сомонӣ ва ё 3750 доллар пардохт мекард.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, гароншавии нарх ба хидматрасониҳое рабт дорад, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа ба ҳоҷиён пешниҳод мекунад.
Номбурда гуфт, охирин бор, пеш аз пандеми дар 2019 аз ҳар як зоир барои хидматрасонӣ дар Минову Арафот 236 доллар талаб мешуд, аммо соли ҷорӣ ин гарон шудааст.

"Бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ, болоравии арзиши сӯзишворӣ ва хидматрасонии нақлиётӣ кишвари мизбон соли ҷорӣ арзиши хидматрасониҳоро дар Минову Арафот 1400 доллар муайян намудааст", - афзуд оқои Афшини Муқим.

Номбурда ҳамзамон гуфт, болоравии нарх на танҳо барои зоирини тоҷик, балки ба кулли мусалмононе, ки қасди зиёрати хонаи Худоро доранд, дахл дорад.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ харҷ мешавад.
Арабистон барои 3,5 ҳазор зоири тоҷик иҷозаи Ҳаҷ карданро дод
Ба гуфтаи манбаъ, соли ҷорӣ сафари зоирини кишвар аз 20 июн оғоз гардида, то 17 июл идома пайдо хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки соли ҷорӣ 3562 нафар аз сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон ба Арабистон хоҳанд рафт ва ба гуфти ниҳоди марбута, нахуст онҳое сафарбар мешавад, ки қаблан сабти ном шуда буданд.